Май 22, 2024 18:28 Asia/Dushanbe

Кишварҳои Испания ва Ирландия, Фаластинро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Педро Санчес ва Саймон Ҳаррис, нахуствазирони Испания ва Ирландия имрӯз чаҳоршанбе расман эълом карданд, Фаластинро ба унвони кишвари мустақил ба расмият мешиносанд ва  Идея Спанбарта-вазири умури хориҷа Норвегия низ эълом кард, ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақилро аз ҳафтаи оянда иҷроӣ хоҳад кард.

 Педро Санчес-нахуствазири Испания зимни суханронӣ дар парлумони ин кишвар эълом кард, Испания Фаластинро ба хотири сулҳ ва адолат ва эҳтиром ба усули худ ба расмият мешиносад.

 Педро Санчес нахуствазири Ирландия ҳам имрӯз чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ пас аз эълом ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақил дар баёнияи муштарак бо Испания ва Норвегия гуфт:Фаластиниён шоистаи ояндаи саршор аз умед ва сулҳ ҳастанд.

Саймон Ҳаррис афзуд, ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақил арзиши сиёсӣ ва намодини қавӣ дорад ва паёме барои мардуми Фаластин аст, ки ба орузуҳои онҳо барои зиндагии озодона ва контроли умури онҳо эҳтиром мегузорем.

 Идея Спанбарта-вазири умури хориҷаи Норвегия низ гуфт, ин кишвар ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақилро ҳамзамон бо эъломи Испания ва Ирландия, ки аз 28 май иҷроӣ мешавад, эълом кард ва мӯътақид аст, ки ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақил, омили муфид барои барқарории сулҳ дар минтақа хоҳад буд.

 Ин тасмимҳои Испания, Ирландия ва Норвегия дар ҳоле гирифта шудаанд, ки Аҳмад Абулғайт- дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, мо аз ба расмият шинохтани расмии кишвари мустақили Фаластин аз сӯи Испания, Норвегия ва Ирландия истиқбол мекунем ва аз бақияи кишварҳо мехоҳем аз онҳо улгубардорӣ кунанд.

 Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) эълом кард, ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластин аз сӯи се кишвари Иттиҳодияи Аврупо (Норвегия, Ирландия ва Испания) лаҳазоти таърихӣ ҳастанд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе ба расимият шинохтани кишвари Фаластинро аз сӯи се кишвари Иттиҳодияи Аврупо (Норвегия, Ирландия ва Испания) марҳалаи муҳимм тавсиф кард.

 То кунун 143 кишвари ҷаҳон кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд.

 

Барчасп