Табрики Наврӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба давлат ва мардуми Эрон
Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо ирсоли паёме, фарорасидани баҳор ва иди Наврӯзро ба раисиҷумҳӯр ва мардуми Эрон табрик гуфт.
Ба гузориши Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ирсоли паёме фарорасидани Наврӯзро ба Сайид Ибрҳими Раисӣ раисиҷумҳӯр ва мардуми Эрон табрик гуфт, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид омадааст: Ҷашни байналмиллалии Наврӯзро ба Ҷаноби Оли ва мардуми дӯсти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон самимона табрик гуфта орзӯҳои неки худро иброз медорам.
Маънавиёт ва ормонҳои созандаи ин ҷашни бостонии арзишманд дар шароити печидаи ҷаҳони муъосир, аҳамияти вижае ёфтааст.
Оинӣ дӯсти ва рафоқат, ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва дастгири яктигарии Наврӯз, моро вомедорад, ки дар роҳи таҳкими сулҳу амният, равобити байни кишварамон ва сохти фардои дурахшон барои мардумонамон, сайъ ва талошҳои фарогирӣ муштарак анҷом диҳем.
Итминон дорам, ки дар ростои арзишҳои безаволи Наврӯз, кишварҳои мо ба орзӯву умедҳои нек, равобити дӯсти ва ҳамкориҳои судманди хешро дар оянда низ рушд ва густариш хоҳанд дод.
Дар ин айёми фараҳбахши баҳорӣ, барои Ҷаноби Оли саломатии комил ва комёбиҳои бештар ва барои миллати бародари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон оромиш, осоиш, беҳрӯзи ва шукӯфоии рӯзафзун орзӯмандам.