Март 25, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Даври ҷадиди Лигаи олии футболи Тоҷикистон-2023

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи якуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ ва нашр кард.

Бино ба навиштаи сомонаи Азия плюс, чун соли гузашта чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда боқӣ мемонанд.

Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 5 дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум рақобат мекунанд.

Боқимонда 5 дастаи дигар дар як давр дар гурӯҳи “Б” бозӣ карда, барои ишғоли зинаҳои аз 6 то 10-ум ва боқӣ мондан дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ рақобат мекунанд.

Дар мавсими футбол-2023 ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.

Тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ

Иштирокчиён:

1. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3. «Эсхата» (Хуҷанд)

4. «Равшан» (Кӯлоб)

5. «Ҳосилот» (Фархор)

6. «Файзканд» (Восеъ)

7. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8. КМВА (Душанбе)

9. «Хатлон» (Бохтар)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

Даври 1-ум

11:00 16 март

«Ҳосилот» - барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023

1 апрел (шанбе)

Оғоз – соати 16:00

2. «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

4. «Равшан» – «Кӯктош»

2 апрел (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

3. «Эсхата» – КМВА (ЦСКА)

5. «Ҳосилот» – «Файзканд»

3 апрел (душанбе)

Оғоз – соати 16:00

1. «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Бояд гуфт, ки даври дуюми бозиҳо рӯзи 6 апрел оғоз мегардад.