Имзои ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни мудирони ширкатҳои ҳавопаймои Тоҷикистон ва Арабистон
(last modified 2023-04-16T04:03:10+00:00 )
Апрел 16, 2023 09:03 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни мудирони ширкатҳои ҳавопаймои Тоҷикистон ва Арабистон
    Имзои ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни мудирони ширкатҳои ҳавопаймои Тоҷикистон ва Арабистон

Мудирони ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон ва ожонси ҳавопймоӣ "Kayan Travel Group" Арабистони Саъудӣ тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулқосим Валиев мудири кулли ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон бо ҳайати ожонси ҳавопаймоӣ "Kayan Travel Group"-и Арабистони Саъудӣ ба раёсати Турки Алсилонӣ мулоқот кард.

Дар ин мулоқоти байни ду ширкат ёдошти тафоҳуми ба имзо расид, ки дар чорчуби он ду тараф дар хусуси эҷоди равобити дуҷонибаи судманд дар заминаи ҳамлунақли мусофирон ва бор тавофуқ карданд.

Бар асоси мафоди тафоҳумнома ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон дар назар дорад парвозҳои худро дар масири Душанбе-Ҷада-Душанбе рушд диҳад ва ширкати саъудӣ барои аҳдофи гардишгарӣ, тиҷорӣ, омузишӣ, пизишки ва ғайра мусофиронро аз Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон ҷазб кунад.

Сомон Эйри Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Ҷада-Душанбе роҳандози кард.