Даъват аз фаъолони иқтисодии эронӣ барои ҳузур дар Намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон
(last modified Thu, 18 May 2023 12:06:07 GMT )
Май 18, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз фаъолони иқтисодии эронӣ барои ҳузур дар Намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноъати вилояти Хатлон Тоҷикистон гуфт : Ҳамкорӣ бо соҳибони саноеъ ва ширкатҳои эронӣ бавижа Хуросони разавӣ дар авлавияти тавсеаи равобити ин утоқ бо бахшҳои иқтисодии Эрон қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фарҳоди Расулзода, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноъати вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ҳамоиши Шӯрои муштараки корофаринон(соҳибкорон)и Эрону Тоҷикистон дар утоқи бозаргонии Машҳад афзуд : Утоқи бозаргонии Хатлон бо беш аз 55 утоқи бозаргонӣ аз кишварҳои дигар тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кардааст, дар соли 2022 низ дар ҳошияи баргузории намойишгоҳе дар Бохтар тафоҳумномае миёни утоқи бозаргонии Хатлону Эрон бо ҳадафи рушди ҳамкориҳо имзо шуд.
Расулзода аз фаъолони иқтисодии Хуросони разавӣ ва Эрон даъват кард, то дар Намоишгоҳи байналмилаллии Бохтар, ки 24 ва 25 май ( 3 ва 4 хурдодмоҳ ) дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат кунанд.
Муҳаммадҳусайни Рушанак-раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфт : Тоҷикистон барои Эрон илова бар ҳавзаи иқтисодӣ, як ҳавзаи фарҳангӣ - иҷтимоӣ низ ба шумор меравад ин муҳим вобаста ба муштаракоти бисёр зиёди Эрон бо Тоҷикистон буда ва бояд қадри ин иштирокотро дар ростои тавсеаи таъомулот донист .
Узви ҳайати намояндагони утоқи бозаргонии Хуросони разавӣ яке аз ҳавзаҳои муҳим дар тавсеаи таъомулоти ду кишвар бавижа Хуросони разавӣ ва Хатлонро бахши гардишгарӣ зикр ва баён кард : Шаҳри Душанбе ва дараи Варзоби Тоҷикистон аз ҷаззобияти фаровоне бархурдор буда ва гардишгарони эронӣ метавонанд ин манотиқро дар авлавияти сафарҳои хориҷии худ қарор диҳанд.