Май 10, 2024 19:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо В. Путин
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо В. Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҳошияи маросими ҳафтоду нуҳумин солгарди Рӯзи Ғалаба (пирӯзӣ бар фашизм), мулоқоти вижаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Маскав баргузор шуд.

Ибтидо сарони кишварҳо ба муносибати ҳафтоду нуҳумин солгарди пирӯзии бузург (Ҷанг бо Олмони фашистӣ) ба якдигар ва мардуми ду кишвар табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон бар мушорикати мардуми Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҷанг бо Олмони нозӣ) таъкид карду изҳор дошт, ки 50 дарсади ҷамъияти тавонманди Тоҷикистон дар он замон дар ин ҷанг ширкати фаъол доштанд.

Яке аз мавзӯоти муҳими дигар ҳамкорӣ дар ҳавзаи энержӣ буд. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуд дар ин замина, сарони кишварҳо тасмим гирифтанд дастуроти лозимро ба сохторҳои лозими ду тараф бидиҳанд.

Тавваҷуҳи вижа ба мавзӯоти мубрами ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, танзими муҳоҷирати неруи кору муқовимати муштарак дар баробари таҳдидоти амниятӣ, ба вижа терроризм, ифротгароии мазҳабӣ ва соири мазоҳири ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.

Дар ин замина, тарафайн бар тақвияти фаъолиятҳои вазоратхонаҳову идороти зирабти ду кишвар дар ин масирҳо тавофуқ карданд.

Бар лузуми анҷоми иқдомоти муштараки муассир аз сӯи идороти зирабт барои рафъи мушкилот дар заминаи муҳоҷирати корӣ таъкид шуд. Қарор шуд дар ояндаи наздик ҳайатҳои баландпояи ду тараф музокира кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  раиси ҷумҳурии Русия дар ин дидор дар мавриди масоили ҷудогонаи байналмилалӣ ва минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Тарафайн дар ростои мубориза бо терроризм бар тақвияти бештари ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ниҳодҳои интизомиву хадамоти вижаи ду кишвар таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поён аз истиқболи гарму меҳмоннавозии суннатии Владимир Путин ташаккур кард.