Равобити Душанбе бо Теҳрон ва Тошканд густариш меёбад
(last modified 2017-01-09T14:12:19+00:00 )
Январ 09, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Равобити Душанбе бо Теҳрон ва Тошканд густариш меёбад

Худобердӣ Холиқназар-раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз тасмими Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон ва Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Худобердӣ Холиқназар бо ишора ба муносиботи Тоҷикистон ва Эрон ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эрон, ки муштаракоти забонӣ ва фарҳангии фаровоне доранд, дар оянда густариш ёбад.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иллати бурузи сардӣ дар равобити Душанбе -Теҳронро даъвати раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон хонд ва гуфт, ба мурури замон ин ҳодиса фаромӯш мешавад ва равобити ду кишвар таҳким хоҳад ёфт, ҳарчанд ҳамакнун низ равобити ду кишвар тира нест ва дар шароити хубе аст.

Вай ҳамчунин аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дод ва таъкид кард, ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя низ беш аз пеш тақвият хоҳад шуд.

Баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост. Ду кишвари ҳамсоя дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ Созишномаро дар бахши нақлиёт ба имзо расониданд, ки тибқи он дар соли 2017 байни ду кишвар парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд ва ҳаракати қатораҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар ин самт вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Инчунин масъалаи раводид ва осон намудани рафту омади сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар дар маркази таваҷҷуҳ ва мавриди баррасии вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Вай ҳамчунин аз оғози музокироти Русия ва Чин бо гурӯҳи Толибон бо ҳадафи таъмини амнияти кишварҳои минтақа хабар дод ва гуфт, фаъол шудани гурӯҳи террористӣ ва ифротии  ДИИШ сабаб шудааст, ки Русия ва Чин ба унвони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) барои муқобила бо ин гурӯҳ бо Толибон вориди музокира шаванд.

Дар ҳамин ҳол Худобердӣ Холиқназар ҳамкории Тоҷикистон бо гурӯҳи Толибонро ба унвони кишвари шарики Русия ва Чин дар ин гуфтугӯҳо рад ва таъкид кард, Тоҷикистон танҳо давлати қонунии Афғонистонро ба расмият мешиносад ва ҳеҷ гурӯҳи дигаре дар қаламрави ин кишвар музокира намекунад.