Фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистон аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар маҷлиси 10 солагии таъсисёбии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номи фасодзадатарин ниҳодҳоро эълом кард.
Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад.
Президенти Тоҷикистон аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ кард.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2007 таъсис гардид.