Январ 11, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Аъзои аршади Ҳизби коммунисти Чин ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Сухангӯи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз сафари аъзои аршади Ҳизби коммунисти Чин ба Душанбе дар таърихи 16 то 19 январи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши Азия-Плюс, Усмон Солеҳ сухангӯи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин замина гуфт: Ҳадафи аслии боздиди ҳайати намояндагони Ҳизби коммунисти Чин тақвияти ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва интиқоли таҷрибаҳо мебошад.

Ба гуфтаи вай, ҳайати намояндагони Ҳизби коммунисти Чин дар ин сафар бо Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии ин кишвар дидор ва роҳҳои афзоиши ҳамкории байни ду ҳизбро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин ҳайат ҳамчунин аз қалъаи Ҳисор, яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 1994 таъсис ва дар ҳоли ҳозир бо аҳзоби ҳокими баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла «Русияи Воҳид»-и Русия, «Нур Отан»-и Қазоқистон, «Озарбойҷони Нав»-и Озарбойҷон ва Ҳизби коммунисти Чин ҳамкорӣ дорад.

Аъзои ин ҳизб беш аз 480 ҳазор нафар мебошад ва раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.