Январ 19, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Судури иҷозаи кор барои 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон

Дар соли 2016 мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 204 шаҳрванди хориҷиро ба далели нақзи муқаррароти будубош дар ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари  хориҷиҳои машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, дар соли 2016 ба 11 300 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷозати кор содир шудааст, ки ин мизон нисбат ба як соли пеш 1 100 нафар бештар аст.

Квотаи Тоҷикистон барои кор ба хориҷиҳо дар соли гузашта 8 000 нафар муқаррар шуда буд, вале ин кишвар танҳо ба беш аз 5000 нафар тибқи ин квота иҷозатномаи корӣ содир кардааст. Беш аз 6000 нафари дигар аз коргарони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2016 дар ҷараёни амалиёти мавсум ба "Нелегал” дар Тоҷикистон дар иртибот ба нақзи қавонин ва муқаррароти қонуни муҳоҷирати ин кишвар алайҳи 492 хориҷӣ парванда ташкил шуда ва аз ин теъдод 204 нафари онон аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Судури иҷозаи кор барои 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар бозори кори Тоҷикистон дар ҳолест, ки солона то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори ин кишвар барои таъмини хонаводаҳои худ ба Русия муҳоҷират мекунанд. Вазири меҳнати ва шуғли аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки ин вазорат барои ирсоли нерӯи корӣ ба бархе кишварҳои урупоӣ ва осиёӣ низ дар ҳоли музокира аст. Сумангул Тағойзода афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Олмон ва Лаҳистон ҷиҳати ирсоли нерӯи корӣ ба ин кишварҳо дар ҳоли гуфтгушунид ва музокира аст.

Бар асоси иттилои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, раванди муҳоҷирати тоҷикон ба Русия дар соли 2016 6 дарсад коҳиш, аммо муҳоҷират ба кишвари Қазоқистон афзоиш ёфтааст.