Феврал 02, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи афзоиши 32 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо Чин

Ба гузориши сойти Азия плюс, аз 885 миллиону 114 ҳазор доллар ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2016, содироти Тоҷикистон 44 миллиону 45 ҳазор доллар ва воридоти аз Чин ба 841 миллиону 69 ҳазор доллар расидааст, ки ба нафъи Пекин мебошад.

Бар асоси омори соли 2015, Тоҷикистон аз Чин 754 номгӯи маҳсулот ворид карда ба ин кишвар 46 навъи коло содир кардааст. Баррасии ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз Чин мавод ғизоӣ, маҳсулоти петрошимӣ, бофандагӣ, либос ва пӯшок, кафш, мебел, худрав, соат ва дӯрбинҳои тасвирбардорӣ, гӯшиҳои телефони ҳамроҳ, компютер, таҷҳизоти пизишкӣ ва хун барои озмоишгоҳҳо ворид мекунад.

Аммо тайи солҳои ахир Тоҷикистон иқдом ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла картошка, пиёз, гӯшти мурғ, равғани наботӣ, тамат ва макарон мекунад, ки заминаи ин ҳама коло дар дохили кишвар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, бо ҳазинаи маблағҳои зиёд барои воридоти колои чинӣ, Тоҷикистон амалан бозори масрафии ин кишварро дар ихтиёр Пекин мегузоранд.

Дар ҳоле, ки содироти ночизи Тоҷикистон ба Чин шомили маодин, маводи хом санъатӣ, пӯст ва гӯшиҳои телефонҳои қадимии сохти Шӯравӣ мешавад.