Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Туркманистон
(last modified Tue, 14 Feb 2017 08:46:07 GMT )
Феврал 14, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Туркманистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме пирӯзии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедовро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ омили аслии пирӯзии ҳамтои туркманашро эътимоди мардум ба сиёсатҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов дониста ва таъкид кардааст, ки ин сиёсатҳо мунҷар ба тавсеаи Туркманистон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз тавсеаи равобити Душанбе - Ишқобод дар даври ҷадиди раёсати ҷумҳурии Бердимуҳаммедов бар Туркманистон ибрози итминон кард.

Дар интихоботи 12-уми феврали раёсати ҷумҳурии Туркманистон аз миёни 9 номзад, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов бо 97.69 дарсади раъй, бори дигар бар курсии раёсати ҷумҳурии Туркманистон такя зад.

Вай аз соли 2006 ва пас аз даргузашти Сафармурод Ниёзов қудратро дар Туркманистон дар даст дорад.