Феврал 14, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо бахши хусусӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони бахши хусусӣ дидор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Эмомалӣ Раҳмон фардо 15-уми феврал дар Кохи Борбад бо фаъолони бахши хусусии шаҳри Душанбе дидор мекунад.

Гуфта мешавад, ин дидор ба дархости  раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки масоили марбут ба бунгоҳҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолони бахши хусусӣ шаҳри Душанбе баррасӣ шавад.

 Ин дар ҳоле аст, ки давлати Тоҷикистон дар декабри соли гузашта барномаи тавсеаи миллии Тоҷикистонро барои соли 2030 тасвиб ва эълом кард, барои амалӣ кардани ин барнома ба 118 миллиард доллар ниёз аст.

Дар пайи эъломи ин барнома, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи имсол гуфт, бахши хусусӣ барои иҷрои ин барномаи роҳбурдӣ 54.7 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард, ки 46 дарсади ин барнома аст.