Феврал 22, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимии нави Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Имрӯз дар арафаи 24- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуд.

 

Ба иттилои “Ховар”, президенти Тоҷикистон дар ин марказ коргоҳи дӯзандагӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ, бинои наву муосири таълимӣ ва таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳадро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти таълимию бозомӯзии сарҳадбонони мамлакат аз наздик шинос шуд.

Бартарияти таълимгоҳи навбунёд дар он мебошад, ки машқҳои таълимии низомӣ ва таҷрибаҳои бозомӯзӣ бо истифода аз техникаю муҳимоти ҷангии электронӣ гузаронида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии «Пойтахт» дар толори навбунёди «Кохи Шараф» бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ аз ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ даъват гашт, ки ба ватан хизмати содиқонаю кунанд.