Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мақоми ВУД-и Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фасоди молӣ алайҳи як мақоми Вазорати умури дохилаи ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Азиа плюс”, дар Душанбе Оҷонсии мубориза зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи подполковник Мирзоалӣ Абдуллоев, муовини сардори шуъбаи кофтукови Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва ба маблағи 43 500 доллар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Оҷонсии мубориза бо фасод, "подполковники милитсия Абдуллоев Мирзоалӣ Халифаевич дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи кофтукови ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо мақсади қаллобӣ ба боварии шаҳрванд «А» даромада, бо иддаои дар оянда қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш аз шаҳрванд «Б»30.000 доллар, ҳамчунин аз худи шаҳрванд «А» 13500 доллари ИМА дарёфт намуда, маблағи ситондаро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст”.
Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ахиран, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод эълом карда буд, ки мизони ришваситонӣ дар ин вазорат коҳиш ёфтааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон низ қаблан дар як нишаст бо мақомоти сохторҳои амниятии кишвараш зимни ибрози нигаронӣ аз густариши фасоди молӣ дар ниҳодҳои давлатӣ таъкид карда буд, ки падидаи фасоди молӣ боиси хадшадор шудани ҳайсияти як кишвар дар арсаи байналмилалӣ мешавад.
Гуфтанист, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан бузург муҷозоте ҳамчун ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи молу мулк ба иловаи маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян то панҷ соли дигарро пешбинӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Созмони “Transparency International”, ки вазъи фасод дар кишварҳои ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро боз 15 зина пойин бурда, дар байни 176 кишвар дар зинаи 151-ум қарор додааст.