Таоруфоти сиёсӣ виҷҳаи ғолиби сафари Путин ба Тоҷикистон
Расонаҳо ва нозирони Осиёи Марказӣ, ки сафари расмии рӯзи гузаштаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд, таоруфоти сиёсиро виҷҳаи ғолиби ин сафар донистанд.
Ба гузориши Ирно, зоҳиран ҳадафи аслии раҳбари Русия аз ин сафари бисту панҷумин солгарди таҷлил аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Маскав бо Душанбе ва тақвияти равобити дуҷониба эълом шуда буд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарони расонаҳои бетарафу мустақил натиҷаи муҳиме барои ин кишвари кӯчак ва камтавсеаи Осиёи Марказӣ надоштааст.
Гуфта шуд, ки дар сафари Путин ба ин кишвар теъдоде асноди ҳамкорӣ имзо шуд, вале матбуоти мустақил таъкид мекунанд, ки ин санадҳо ташрифотӣ будааст ва аҳаммияту натиҷаи хосе барои тоҷикҳо надошт .
Сайти eurasianet. org менависад, Путин дар сафараш ба Тоҷикистон ба радду бадал шудани таоруфоти маъмул бо ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 27 феврал дар нишасти худ дар шаҳри Душанбе пардохт. Ин нашрияи электронӣ бо интишори тавофуқномаҳои имзошуда ва изҳороти мухтасари сарони ду кишвар навишт: Шаҳрвандони тоҷик, аз сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон интизори таҳаввулоти азим доштанд, вале ноумед шуданд, чун зоҳиран ҳеч таҳаввули муҳиме рух надод .
Бархе коршиносон мегӯянд: Ҳадафи муҳими чунин сафари як мақоми олирутбаи рус метавонист ҳалли масоили дерини ду кишвар аз ҷумла узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бошад, вале Душанбе дар остонаи ин сафар гуфта буд, ки ин масъала ҳануз дар ҳоли баррасист.
Бештари коршиносон мегӯянд, эҳтимолан муҳимтарин гуфтумонҳои байни Путин бо раҳбарони Тоҷикистон дар пушти дарҳои баста мондааст .
Ҳамчунин коршиносон мегӯянд, чун Русия натавониста буд, Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бикашонад, ҳоло мехоҳад, нуфузи сиёсӣ ва низомиашро дар ин кишвар тақвият кунад, ки дар солҳои ахир камранг шуда буд. Мавзуи дигар масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик буд, ки расман қавли амалӣ ва иҷроӣ барои ҳалли мушкилоти онҳо ироа нашуд ва танҳо дар ҳадди ҳарф боқӣ монд .
Агарчи мақомҳои рус ваъда доданд, ки ин масъала ҳал мешавад, вале токунун мушаххас нест, ки аз 270 ҳазор муҳоҷири тоҷики ихроҷшуда аз Русия барои афви чанд нафар иқдом хоҳад шуд .
Зимни инки Путин ҳам бо зикри ин нукта, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз шароити муносиб бархурдоранд, гуфтааст, Русия дар дар фикри имтиёзи бештар барои онҳо нест, чун 15 рӯзи иқомати бидуни маҳдудият дар Русия ва се соли кор бо иҷозатнома дар ин кишвар худ имтиёз аст .
Путин дар ин сафар гуфтааст, ки дар сурати лузум ба хотири масдуд кардани роҳи террористҳо ба хоки Тоҷикистон, аз нерӯи пойгоҳи 201 Русия истифода хоҳад шуд, вале таҳлилгарони огоҳи тоҷик муътақиданд, ҳадафи аслии Русия бозгашти низомии худ ба марзҳои Тоҷикистон аст, зеро Русия ҳамеша талош кардааст, ки назорат бар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар даст дошта бошад ва ба ин васила нуфуз ва қудрати императории худро барқарор кунад .
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад ва то соли 2005 ҳифозат аз ин марзро нерӯҳои марзбони Русия ба уҳда доштанд. Пас аз хуруҷи ин нерӯҳо борҳои мақомоти олирутбаи Русия ба номуваффақ будани марзбонони тоҷик дар ҳимоят аз хутути марзӣ ишора ва мавзуи бозгашти марзбононии рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ карда буданд, аммо мақомоти тоҷик ин хостаи русҳоро ғайри қобили қабул хондаанд .