Боздошти 2 афсар ва як сарбоз ба иллати марги мармӯзи Эҳсон Элчибеков
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14162-Боздошти_2_афсар_ва_як_сарбоз_ба_иллати_марги_мармӯзи_Эҳсон_Элчибеков
Додситони низомии Тоҷикистон, 2 афсар ва як сарбози яке аз воҳидҳои низомии Вазорати дифои ин кишварро дар иртибот бо марги мармӯзи Эҳсон Элчибеков сарбози ин воҳид, ки ахиран ба таври мармӯз ҷони худро аз даст дода боздошт кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2017 06:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 2 афсар ва як сарбоз ба иллати марги мармӯзи Эҳсон Элчибеков

Додситони низомии Тоҷикистон, 2 афсар ва як сарбози яке аз воҳидҳои низомии Вазорати дифои ин кишварро дар иртибот бо марги мармӯзи Эҳсон Элчибеков сарбози ин воҳид, ки ахиран ба таври мармӯз ҷони худро аз даст дода боздошт кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Notorturetj” - Эътилофи алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон, дар пайи шикояти бастагони Эҳсон Элчибекови 19 сола, ки ахиран дар маҳалли хидматаш дар шаҳри Душанбе ҷони худро аз даст дода ва дар баднаш осори марги иҷборӣ мушоҳида мешавад, барои ифшосозии иллати куштори ӯ, Додситони низомии ин кишвар дар ин иртибот ду афсар ва як сарбозро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи Худоназар Элчибеков аз бастагони ин сарбоз, натоиҷи аввалияи таҳқиқи ин парванда нишон медиҳад, ки марги вай, дар пайи як мушоҷираи лафзӣ бо сарбозони ҳамқатораш ва хафагӣ иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ, дар иртибот бо ин қазия, 2 афсар ва як сарбози воҳиди низомии Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҳалли хидмати Эҳсон Элчибеков боздошт шудаанд. Ин сарбози мақтул, дар соли 2016 аз вилояти Бадахшон ба маҳалли хидмати хеш дар шаҳри Душанбе эъзом шуда буд.

Эътилофи алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон муддаӣ аст, ки аз соли 2014, то ба ҳол 10 ҳодисаи марги сарбозон дар маҳалли хидмати онон ба сабт расида, ки бо бадрафторӣ, хушунатҳо миёни сарбозон ва озору азияти сарбозони тозаворид аз сӯи ҳамқаторонашон иртибот дорад.

Коршиносони умури иҷтимоӣ вуҷуди фазои нобасомони ахлоқӣ ва маишатӣ ва хушунат дар артиши милли Тоҷикистонро омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати низоми вазифа ва рафтани онон ба Русия медонанд.