Август 06, 2016 09:45 Asia/Dushanbe
  • Туркия узви

Тавофуқи мақомоти додгоҳии Анкара ва Душанбе барои истирдоди яке аз аъзои "Гурӯҳи 24", як гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон ба ин кишвар бо мухолифати созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шудааст.

Ба иттилои сойти Созмони мудофеи ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, ин созмон, ки мақарри он дар Порис аст, аз Ҳукумати Туркия хостааст, аз таҳвили Абдурашид Ҳамидови 27-сола, узви "Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, худдорӣ кунад. Ин созмон аз гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа, Кумиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, созмонҳои дидбони ҳуқуқи башари байналмилалӣ, назири  Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва мушорикати байналмилалӣ дар умури ҳуқуқи башар дархост кардааст, ки бо истифода аз имконоти хеш барои истирдод нашудани Абдурашид Ҳамидов ба Тоҷикистон иқдом кунанд.

Абдурашид Ҳамидов сар аз 15 апрели соли 2016 дар Туркия дар боздошт ба сар мебарад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2014 ба далели суханрониҳои тунди аъзои "Гурӯҳи 24" алайҳи давлати Душанбе дар хориҷ фаъолияти ин созмонро мамнӯъ ва исми онро дар феҳристи гурӯҳҳои ифротӣ ворид кардааст. То кунун даҳҳо нафар аз фаъолони ин гурӯҳ дар дохили Тоҷикистон боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.