Март 06, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Ниҳолнишонии Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон

Субҳи имрӯз (душанбе) раисиҷумҳури Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе- Рустами Эмомалӣ дар сафар ба ноҳияи Хуросон аз бархе тарҳҳои дар дасти иҷро, дидан кард ва ниҳол шинонд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар боздид аз ҷамоати Фахробод, бо тарҳи навсозии роҳи мошинрави Душанбе-Қӯрғонтеппа аз наздик ошно шуд.

Бар асоси ин тарҳ, марҳалаи аввали навсозии ин роҳ, ки 33.2 километр аст, бо 96 миллион доллар қарзҳои бебозгашти Бонки рушди Осиё, бояд тармим шавад.

Тибқи ин тарҳ, навсозии бинои чаҳор пул, 69 лӯлаи обкашӣ ва васеъ кардани роҳ ва ҳамчунин насби чароғҳои рӯшноӣ дар ду самти роҳ, дар минтақаҳои маскунӣ дар назар гирифта шудааст.

Иҷрои ин тарҳ ба вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон вогузор шудааст ва раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулони ин вазоратхона дастур дод аст, ҳангом иҷрои тарҳ ба ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ва кайфияти корҳои сохту соз аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъулони маҳаллӣ суфориш кард, то ба ободонӣ ва сарсабзии атрофи роҳ дар маҳаллҳои маскунӣ, таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз васати ҷамоати Фахробод мегузарад ва дар ду тарафи шоҳроҳ боғҳои кишоварзии мавсум ба Асадуллоҳ густурда шудааст, аммо барои навсозии роҳ як бахш аз ин боғ бояд тахриб шавад аз ин рӯ, масъулони боғ тасмим гирифтанд, ки беш аз чаҳор ҳазор ниҳоли гуногуни тазйинӣ ва мевадиҳандаро ба бӯстонҳои шаҳри Душанбе ҳадия диҳанд.

Имрӯз ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Наврӯз ва фасли баҳор ва бо ҳадафи тарғиби дарахткорӣ ва сарсабзисозии майдонҳо, дар боғи мавсум ба “Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ҷамоати Фахробод ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори Душанбе, ниҳол кошт.

  Ин боғ дар соли 2016 дар паҳное ба вусъати 160 гектар бунёд шуд.