Март 18, 2017 15:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Холида Раҷабова барои раҳоӣ аз ғуломӣ дар Саудӣ

Холида Раҷабова, як зани 34-солаи тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ дар дари хонаи як зани араб хидматгорӣ мекунад, мегӯяд, ки дар як шароити ғуломӣ қарор дорад. Холида аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, ки ӯро аз ин асорат раҳо карда, пеши фарзандаш ба Душанбе баргардонанд.

Ба иттилои сайти Ахбор, Холида Раҷабова, як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки аз моҳи август дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ хидматгорӣ мекунад, гуфтааст, танҳо орзуяш халосӣ аз ин асорат ва баргаштан ба Душанбе, ба пеши духтари 11-солааш Моҳрӯст.

Холида Раҷабова мегӯяд, зане ки ӯро ба кор гирифта буд, аз оғоз нисбат ба вай бадрафторӣ мекард: "Хеле баду золим буд. Ҳақорату дашном медод, маро бе ягон сабаб чап гирифт. Вақте гуфтам, бас, маро ба як хонаи дигар ба хидматгорӣ дод ва телефонамро аз дастам гирифт, ки ягонҷо шикоят карда натавонам. Дар як ҳафта ва он ҳам бо ғур-ғур ду соат телефонамро медиҳанд, ки бо интернет бо духтарам гап занам, тамом.”

Холида Раҷабова ва чанд зани дигар аз Тоҷикистон тавассути ширкати "Имкон-2015” барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода шуданд. Холида Раҷабова мегӯяд, ки бо онҳо шартнома имзо шуд, вале аз тамоми бандҳои ин шартнома танҳо якеаш – маош – риоя мешаваду халос: "Ҳар моҳ 1500 риёл (муодили тақрибан 400 доллар) ба дастамон мегирем. Вале гуфта буданд, ки барои мо ҳаққи иқомат мекунанд, накарданд. Визаи ман семоҳа буд ва алакай моҳи ноябр тамом шуд. Дигар визаамро тамдид накарданд. Гуфта буданд, ки шумо онҷо мисли корхонаи давлатӣ кор мекунед, вале дар асл ҳар рӯз 16 соат бояд кор кунем. Гуфта буданд, ки озодона мегардед, вале аз куҷо? Ман ҳаққи аз хона баромадан аслан надорам.”

Вале Саидаҳмад Сангов, раиси ширкати "Имкон-2015” гуфтааст, Холида Раҷабова худаш мушкил дорад: "Се дафъа ҷои корашро иваз кардем, вале бо корфармоён забон ёфта натавонист.

Ин зани тоҷик мегӯяд, ягона умедаш ба сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ мебошад: "Фақат сафир метавонад маро аз ин варта халос кунад.”