Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
(last modified Wed, 29 Mar 2017 06:36:31 GMT )
Март 29, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамов дидор намуд.

Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти нерӯи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, маънидод карданд. Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

Таъкид гардид, ки стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.