Апрел 03, 2017 14:59 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ дар интихобот пирӯз шуд

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати шаҳри Душанбе бо касби қариб 85 фоизи овозҳо вакили маҷлиси шаҳрӣ интихоб шуд. Акнун ӯ метавонaд шаҳрдори комилҳуқуқи пойтахти Тоҷикистон шавад.

Ба иттилои сайти Ахбор, Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии шаҳри Душанбе рӯзи 3 апрел эълон кард, ки дар интихоботи пеш аз мӯҳлати вакилони маҷлиси шаҳрӣ дар ҳавзаҳои рақами 25 ва 62 иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати пойтахт Рустами Эмомалӣ ва муовини аввали ӯ Маҳмадсаид Зувайдзода ғолиб омадаанд.

Рустами Эмомалӣ аз байни се номзад 84,81 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Рақиби ӯ аз ҳизби аграрӣ Фазлиддин Икромов 7,81 дарсад ва номзади ҳизби демократ Ҳикматуллоҳ Саидиён 2,65 дарсад овоз гирифтаанд. Дар интихобот, бино ба натиҷаҳои расмӣ, 86,69 дарсади интихобкунандагон ширкат карда ва 1,83 дарсад ба муқобили ҳарсе номзад овоз додаанд.

Дар ҳавзаи 62 Маҳмадсаид Зувайдзода қариб 80 фоиз овоз гирифтааст.

Рӯзи душанбе дар ду ҳавзаи 25 ва 62 дар пойтахти Тоҷикистон интихоботи пеш аз мӯҳлати вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва дар 4 ҳавзаи 4,8, 23 ва 24 интихоботи вакилони маҷлисҳои ноҳияҳои Шомҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонӣ доир шуд.

Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи 25 ба ҷои шаҳрдори собиқи Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Маҳмадсаид Зувайдзода дар ҳавзаи 62 ба ҷои Фирӯз Улмасов, раҳбари собиқи дастгоҳи шардорӣ вакили маҷлиси шаҳрӣ интихоб шуданд.

Рустами Эмомалӣ соли 2011 ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук расид ва сазовори унвони генералӣ шуд. Ӯ то кунун ҷавонтарин генерал дар Шӯравии собиқ ба ҳисоб меравад.

Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумрук ва моҳи марти соли 2015 раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуда, аз ин мақом дар моҳи январи соли ҷорӣ ба курсии шаҳрдори Душанбе рафт.