Апрел 09, 2017 08:46 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдории Рустами Эмомалӣ расман таъйид шуд
    Шаҳрдории Рустами Эмомалӣ расман таъйид шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури ҳукме шаҳрдории писари бузургаш- Рустами Эмомалиро барои пойтахти ин кишвар, расман таъйид кард.

Ба гузориши сойти хабаргузории Ховар, дар пайи пирӯзии Рустами Эмомалӣ кафили шаҳрдории Душанбе, дар интихоботи ахири шӯрои шаҳри Душанбе ба мӯҷиби ҳукми Эмомалӣ Раҳмон, вай акнун ба унвони шаҳрдори қонунии пойтахти Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, намояндагони шӯрои шаҳри Душанбе дар нишасте, ки дар рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, бо таъйиди ҳукми раисиҷумҳури Тоҷикистон, бино бар интисоби Рустами Эмомалӣ дар мақоми  шаҳрдори Душанбе, барномаи фаъолияти ин шӯроро барои соли 2017 ба унвони “соли ҷавонон”, тасвиб хоҳанд кард.

Аз моҳи марти соли 2015 то авоили соли ҷории 2017, Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Вай аз моҳи январи соли ҷорӣ бо ҳукми падараш сарпарасти шаҳрдории Душанберо бар ӯҳда гирифт ва ҷонишини Муҳаммадсаид Убайдуллоев шуд, ки аз соли 1996 дар ин мақом фаъолият кардааст.