Боздошти писари бузурги Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15914-Боздошти_писари_бузурги_Гулмурод_Ҳалимов_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро боздошт карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 18, 2017 04:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти писари бузурги Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро боздошт карданд.

Ба иттилои Toptj, хешовандони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, гуфтаанд, ки мақомоти интизомӣ Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро се ҳафтаи пеш дастгир намудаанд.

Аъзоёни хонаводаи фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ гуфтаанд, ки айни замон Беҳрӯзи 18-сола дар боздоштгоҳе дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи аъзои ин хонавода, мақомот вайро аз манзили зисташон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб воқеъ дар 35-километрии Душанбе боздошт ва сабаби боздоштро ҳам нагуфтаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар ин муддат чанд бор ба дидани Беҳрӯз ба боздоштгоҳ рафтанд ва аз мақомот сабаби дастгир шуданро пурсиданд, вале ҷавобе нагирифтанд.

Ахиран рӯзномаи бритониёии Таймс навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст.

Ҳамсари Гулмурод Ҳалимов, Назокат Муродова гуфтааст, ҳеч чизе дар бораи ҳалокати шавҳараш намедонад ва бо чаҳор фарзандаш аст, ки калониро мақомоти интизомӣ бо худ бурданд. Худи Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва як моҳ баъд аз ҳузураш дар Сурия дарак дод.

Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин намуд.