Чин ба Тоҷикистон колои бидуни кайфият ворид мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15918-Чин_ба_Тоҷикистон_колои_бидуни_кайфият_ворид_мекунад
Мудири Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки кишвари Чин ба Тоҷикистон коло ва маҳсулоти бидуни кайфият ворид мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 18, 2017 05:21 Asia/Dushanbe
  • Чин ба Тоҷикистон колои бидуни кайфият ворид мекунад

Мудири Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки кишвари Чин ба Тоҷикистон коло ва маҳсулоти бидуни кайфият ворид мекунад.

Ба иттилои Спутник, Дмитрий Прохоренко, мудири Маркази содироти тоза ифтитоҳ шудаи Русия дар Тоҷикистон гуфт, колоҳои чинии бидуни кайфият ва арзон дар бозори Тоҷикистон наметавонад бо маҳсулоти содиротии Русия рақобат кунад .

Вай ҳадаф аз ифтитоҳи Маркази содироти Русия дар Тоҷикистонро ошно кардани мардуми тоҷик бо маҳсулоти ширкатҳои русӣ ва баррасии тарҳи сохти корхонаҳои муштараки мутобиқ бо ниёзи бозори дохилии ин кишвар унвон кардааст .

Ба гуфтаи мудири Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон тарҳҳое, ки барои сармоягузории муштарак бо тарафи Тоҷикистон ироа шудаанд, шомили сохти корхонаҳои мухталифи санъатӣ аз ҷумла сохти мошин, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аст, ки муҷиби иштиғолзоӣ дар ин кишвар мешавад .

Дмитрий Прохоренко таъкид кардааст, ки коршиносони русӣ ба диққат бозори маҳсулоти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд ва мушаххас шуда, ки умдаи колоҳои воридотӣ ба ин кишвар чинӣ аст, ки кайфияти матлубе надоранд.

Аз дидгоҳи вай, эҳтимолан яке аз далелҳои зиёд будани маҳсулоти бидуни кайфияти сохти Чин дар Тоҷикистон, арзонии тарифҳои транзитӣ бошад, ки ҳокӣ аз ҳаммарз будани ин ду кишвар аст, ки фосилаи роҳро кӯтоҳ мекунад. Аз ин рӯ, Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон талош мекунад, ки дар бозори масрафии ин кишвар бо воридоти маҳсулоти бокайфият ва иҷроӣ кардани тарҳҳои сохти корхонаҳои муштараки санъатӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар ҷойгоҳи худро иртиқо диҳад .