Апрел 26, 2017 11:42 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи амният дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Чин

Дар дидори мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Чин дар шаҳри Душанбе, мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва авзои амниятии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар дидори Муҳаммадсайид Сайидзода, муовини вазири дохилаи Тоҷикистон ва Дуан Датси, масъули равобити байналмилалии Вазорати амнияти умумии Чин дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва авзои амнияти минтақа ва ба вижа таҳдидоти фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон баҳс ва табодули назар шуд.

Дар ин дидор бар зарурати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин барои муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояти созмонёфта таъкид шуд. Тарафҳо омодагии хешро барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои табодули иттилоот, омӯзиши мутахассисон, табодули таҷрибаҳои якдигар дар амри мубориза бо терроризм, ифротигарӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояти созмонёфта эълом карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки ҳамкории наздики Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо Вазорати амнияти умумии Чин метавонад нақши муассире дар ҷилавгирӣ аз таҳдидоти амниятии минтақаӣ ифо намояд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Чин тайи солҳои ахир чандин асноди ҳамкорӣ барои муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояти созмонёфта имзо кардаанд.