Апрел 27, 2017 13:48 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои камёбро ба фурӯш мегузорад

Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои нуқраи ёдбуд ва солгардро, ки тайи солҳои 2004 то 2016 содир шудаанд, барои фурӯш ба бозор арза кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Салмон Ҷамолов, мудири музейи сиккашиносии вобаста ба Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ин сиккаҳо коллексионӣ буда ва тавлиди солҳои 2004-2016 –и Бонки миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки аз филизоти гаронбаҳое монанди тилло бо арзиши 50, 100 ва 200 сомонӣ ва нуқра 1, 3, 5, 50, 100 ва 500 сомонӣ ва сиккаҳои маъмулӣ бо арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ ташкил шудаанд.

 Барои аввалин бор дар соли 2004 ба ифтихори ҳаштодумин соли таъсиси шаҳри Душанбе ва даҳумин солгарди Қонуни асоси Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаҳои нуқраии 3 -сомонии Бонки миллии Тоҷикистон бароварда шуд. Дар поёни моҳи апрели соли 2015 низ Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори чандин солгард ва ёдбуд, шаш навъ аз сиккаҳои нуқраии 500 сомонӣ содир кард, ки сиккаҳои ёдбуд ба муносибати бузургдошти мутафаккири ҷаҳони Ислом Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бузургдошти мутафаккир ва адиби бузурги форсу тоҷик -Абдураҳмони Ҷомӣ ва бистумин солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон аз он ҷумлаанд.

 Салмон Ҷамолов, мудири музейи сиккашиносии вобаста ба Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, сиккаҳои ёдбуд ва солгарди Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз охирин фанновариҳо ва беҳтарин шеваҳо дар ин замина ва мутобиқ бо болотарин стандартҳои сиккашиносӣ ва зарби сикка дар зарробхонаи Майери Олмон, ширкати швейтсарии “International coyne house” ва зарорбхонаи Санкт-Петербург зарб ва дар миқдори маҳдуд содир шудаанд ва имкон дорад бо рушди қобили таваҷҷуҳе аз назари қимат дар музоядаҳо дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шаванд.