Иди Ғалаба дар Тоҷикистон
Маросими таҷлил аз 72-юмин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳони Дуввум субҳи рӯзи 9 май дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти олии ин кишвар ва расми гузашти низомӣ баргузор шуд.
Дар ин рӯз дар боғи "Ғалаба”-и шаҳри Душанбе нахуст маросими гулгузорӣ бар пояи рамзи «Оташи абадӣ» бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар сурат гирифт. Раисҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла мардуми тоҷик санаи воқеан, муҳим ва фаромӯшнашаванда аст, зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сурат гирифтааст, ёд надорад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини пирӯзӣ дар ин ҷанг дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузошта, аз оғози ҷанг мардуми Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба ҷабҳа сафарбар намуданд. Ӯ афзуд, ки беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи мардуми тоҷик абадан сабт гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбатҳои хеш таъкид кард,ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки барои бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва муборизаи муштарак бар аллайҳи хатароти ҷаҳони муосир талош намоянд.
Бояд гуфт, дар маросими ҷашни солрузи пирузӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар шаҳри Душанбе дар баробари мақомоти баландпояи Тоҷикистон намояндагони сафорату созмонҳои хориҷии муқими Душанбе, кӯҳнасарбозони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, афсарону сарбозони ниҳодҳоди қудратии Тоҷикистон ва сарбозони пойгоҳи низомии Русия ширкат доштанд. Ширкатдорони ин маросим бо дақиқаи сукут хотири қурбониёни ин ҷангро гиромӣ доштанд. Дар фарҷоми ин маросим дар дар боғи "Ғалаба”-и гузашти низомӣ бо ширктаи наздики 2 ҳазор сарбозу афсари нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва инчунин 100 тан сарбозони пойгоҳи низомии Русия баргузор шуд. Дар баробари ин барои аввалин бор дар гузашти низомӣ дар Тоҷикистон чаҳор ҳавопаймоии нерӯҳои ҳавоии Русия бар фарози Душанбе парвоз карданд.
Рӯзи гузашта, 8 май бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон дар майдони "Ғалаба”, ки бештар бо номи майдони "Тонк” дар Душанбе маъруф аст, маросими поси хотир ба муносиабти солгарди Рӯзи ғалаба бар Олмони нозӣ баргузор шуд. Бештари ширкатдорон дар ин маросим акси наздикони хешро, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ширкат карда, кушта шудаанд, дар даст доштанд. Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш бо ишора ба саҳми муштараки мардумони собиқ ИҶШС дар пирузӣ бар олмони фашистӣ гуфт, ки корнамоии гузаштагон бояд ҳамеша барои насли ҷавон намунаи боризи ҷавонмардиву ватандустӣ бошад. Аз сӯи дигар субҳи рӯзи 9 май бо вуҷуди мухолифатҳои қаблии мақомоти шаҳрдорӣ беш аз сад нафар аз сокинони шаҳри Душанбе баъд аз гузашти низомӣ дар боғи "Ғалаба” бо акси наздикони хеш дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" ширкат карданд. Иштирокдорони раҳпаймоии "Полки абадӣ" бо шиор ва аксҳои ширкатдорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз майдони "Тонк” ҳаракатро шурӯъ карда, то ба боғи "Ғалаба” ҳаракат карданд. Баргузории раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ҳоле буд, ки чанд рӯз қабл мақомоти тоҷик эълон кардаанд, ин роҳпаймоӣ ба далели "фаннӣ" баргузор намешавад. Дар шарҳи хабаргузории расмии “Ховар” дар заминаи барномаи таҷлили Иди Ғалаба таъкид шуда буд, ки ба хиёбонҳо бо акси фавтидагон баромадани мардум хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад. Ҳамчунин Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фаҳангистони улуми Тоҷикистон низ бо нашри матлбае дар хабаргузории “Ховар” бо баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ” мухолифат кард. Дар ҳамин ҳол, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз иҷоза надодани раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе изҳори таассуф карда буд.
Гуфтанист, аз Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум беш аз 300 ҳазор ва ё наздики як панҷуми ҷамъияти вақти ин кишвар ширкат карда, беш 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. Бояд гуфт, 54 зодаи Тоҷикистон барои ҷонфидоӣ ва қаҳрамонӣ дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар 448 собиқадори Ҷанги Ҷаҳони Дувум ба сар мебаранд, ки бузургсолтарини онҳо 117 сол ва “ҷавонтарин”-и онон 90 сол син дорад.
Зимнан дар арафаи Ҷашни Ғалаба давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва хонаводаи онҳо ба маблағи 3000 сомонӣ кумаки молӣ кардааст. Ҳамчунин собиқадорону хонаводаи онҳо аз бархе аз имтиёзҳо, назири озод будан аз пардохти андози манзил ва табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳо бархурдор ҳастанд.