Май 15, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Шукурҷон Зуҳуров: Чин муҳиммтарин шарики тиҷории Тоҷикистон аст

Раиси Маҷлиси Намояндагони парлумони Тоҷикистон Чинро аз муҳимтарин шарикони тиҷории кишвараш хонда, ибрози итминон кардааст, ки дар оянади наздик ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар то 3 миллард доллар дар сол афзоиш хоҳад ёфт.

Шукурҷон Зуҳуров  рӯзи 15 май  дар Душанбе  бо  Пан Юнхе раиси комисюни равобити хориҷии парлумони Чин дидору мулоқот карда, масоили тавсаъа ва густариши равобити  миёни ду кишварро дар асраҳои мухталиф баррассӣ кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии МН Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ин дидор таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир Чин аз ҷумлаи муҳимтарин самроягузорон дар арсаи саноат ва иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вай  гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳимоятҳои беғаразонаи давлати  Чинро дар заминаи тақвият ва рушди иқтисоди миллии ин кишвар қадр карда, барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон бар  фароҳам кардани фазои мусоиди сармоягузорӣ талош дорад.

Дар идомаи мавзуъи густариши равобити иқтисодӣ миёни ду кишвар Шукурҷон Зуҳуров афзудааст, ки айни замон Тоҷикистон масъалаи таъсиси минтақаи озоди тиҷорӣ бо Чинро ба таври ҷиддӣ баррасӣ дорад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ мегуяд, бо вуҷуди  он ки  дар пайи буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ҳаҷми таболуди коло минёи ду кишвар  соли гузашта наздики 30 дар сад коҳиш ёфтааст,  аммо Душанбе талош хоҳад кард  то  соли 2020 мизони табодули тиҷорати дуҷонибаро то 3 миллард доллар афзоиш бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон дар ҳоли ҳозир Чин аз умдатарин кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин замина аз Русия пеш гузаштааст.  Аз ҷумла Чин дар соли 2015 ба иқтисоди Тоҷикистон 238 миллон доллар сармояи мустақим ворид кардааст, ки беш аз 80 дар сади ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим дар ин солро ташкил медиҳад.

Гуфтанист дар тӯли даҳсолаи ахир Чин дар бунёди роҳҳо ва туннелҳои стратегӣ, бахши энерҷӣ ва коркарди маодин дар Тоҷикистон сармоягузориҳои ҳангуфт кардааст.

Бар асоси омори расмӣ ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016  885 миллон долларо ташкил дода, ин нишондод дар қиёс ба соли 2015 11 дар сад камтар будааст.

Аз сӯи дигар тибқи омори расмӣ айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди  2 милларду 300 миллон доллар аст, ки наздики 1 милларду 200 миллон доллари он қарзҳои давлати Чин дониста мешавад.