Кумаки таҷҳизотии Русия ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 May 2017 04:27:57 GMT )
Май 16, 2017 09:27 Asia/Dushanbe
  • Кумаки таҷҳизотии Русия ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон таҷҳизоти имдоду наҷот ба арзиши 500 ҳазор долларро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар таҳвил дод.

Ба иттилои Спутник, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар маросими таҳвили ин таҷҳизот гуфт: Ин таҷҳизот шомили 11 мошини сангин, крани 16 тоннӣ ва ҷипҳои имдодӣ аст, ки барои рафъи паёмадҳои ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд .

Вай гуфтааст, ки ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар оянда низ барои кумак ба Тоҷикистон барномарезӣ карда ва интиқоли таҷҳизоти мавриди ниёзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон яке аз заминаҳои ҳамкории дуҷониба аст .

Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз сӯи Русия аз дигар самтҳои ҳамкории дуҷониба ба ҳисоб меояд. Зеро Тоҷикистон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва кӯҳистонӣ будани бахши умдаи қаламрави хеш як кишвари пурҳодиса мебошад, ки Русия ба унвони муттаҳиди наздики Душанбе худро муваззаф ба кумак ба ин ҷумҳурӣ медонад .

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин маросим бо қадрдонӣ аз кумакҳои давлати Русия гуфтааст, ки то поёни соли ҷорӣ Маскав бахши дуввуми ёриҳои таҷҳизотӣ ба ин ниҳодро ирсол хоҳад кард, ки барои анҷоми ба мавқеи амалиёти имдоду наҷот дар шароити вуқуи ҳаводиси табиӣ дар ин ҷумҳурӣ аз аҳаммияти зиёде бархурдор мебошад .