Май 18, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳавопаймоии

Ширкати ҳавопаймоии "Ямал”-и Русия аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ парвоз ба шаҳрҳои Тоҷикистонро шуруъ хоҳад кард.

Иля Лебедев, муовини мудири тиҷоратии  ширкати ҳавопаймои "Ямал” ахиран ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки аз рӯзи 18 май ширкати мазкур  фурӯши билетҳоро шуруъ карда, интизор аст  нахустин ҳавопаймои "Ямал” аз фурудгоҳи  Жуковский  рӯзи 1 июл ба қасди Тоҷикистон парвоз кунад.

Дар баробари ин манобеъи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ таъйид кардаанд, ки  ба  6 парвози дархостии ширкати русии "Ямал” аз фурудгоҳи Жуковский  ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат додаанд.

Қарор аст шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии "Ямал”-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский  ҳафтае се парвоз ба шаҳри Душанбе ва се парвози дигар ба шаҳри Хуҷанд  анҷом бидиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тайи ним соли ахир  масъалаи парвози ширкати ҳавопаймоии Ямал-и Русия аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский ба Тоҷикистон ду дафъа боиси баҳс дар иртибои ҳавоӣ миёни ду кишвар шуда буд.

Баҳси ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди  парвозҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский, ки аз моҳи ноябри соли гузашта бад ин су идома дошт, билохира рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ  баъди як моҳи музокирот  дар шаҳри Маскав, бо имзои як санади ҳусни тафоҳум хотима ёфт.

Ба дунболи ин Русия ба азсаргирии парвозҳои ширкати Сомонэйри Тоҷикистон ба шаҳри Маскав, ки аз рузи 2 апрел манъ карда буд, иҷозат дод, аммо то кунун ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин тавофуқро ошкор накарда буд.

Дар ҳоле ки мақомоти  Тоҷикистон исрор меварзад,  дар ин баҳс аз манфиати ширкатҳои ватанӣ ҳимоят мекунад ва мехоҳад асли баробарӣ дар анҷоми парвозҳо байни Русияву Тоҷикистон риоя шавад, аммо ба гуфтаи бархе аз коршиносон як далели аслии ин ихтилоф  нархи арзони билети ширкатҳои Русия аст.

Бояд гуфт баҳси мазкур дар моҳи ноябри соли гузашта баъди талоши Русия барои анҷоми парвозҳо аз фуругоҳи ҷадиди Жуковский ба Тоҷикистон сар зад.

Мақомоти  Русия мегуянд, ки фурудгоҳи ҷадиди Жуковский тобеъи вилояти Маскав буда, ба асли баробарӣ  дар анҷоми парвоз байни пойтахтҳои ду кишвар рабт надорад.

Аммо ҷониби Тоҷикистон фурудгоҳи Жуковскийро марбут ба пойтахти Русия медонад ва мегӯяд,  ки шумораи парвози ширкатҳои Русияву Тоҷикистон аз  ин фурудгоҳ бояд баробар бошад.

Гуфтанист Тоҷикистон танҳо ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки умдатан  ба шаҳрҳои мухталифи  Русия парвоз мекунанд.

Аз ҷумла, ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия  ва ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвозҳо анҷом медиҳад. Дар баробари ин “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ҷумлаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳастанд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд. 

Ҳамакнун шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ  ширкати  Ямал-и Русия низ вориди бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон хоҳад шуд.