Май 19, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Раҳмон ба дидори Трамп бо сарони кишварҳои исломӣ дар Риёз

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони бархе кишварҳои исломӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар Арабистон дар рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ ба Риёз меравад.

Ба гузориши “Азия плюс”, манобеи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар ҳошияи ин нишаст Раҳмон дар зиёфати ноҳор бо Доналд Трамп ширкат ва бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дидор хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ суханронӣ мекунад.

Ин нахустин дидори Раҳмону Мирзиёев дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки тарафҳо дар бораи дурнамои равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Бар асоси ин гузориш, дар ин нишаст сарону масъулони 50 кишвари исломӣ ва арабӣ, аз ҷумла нахуствазири Покистон, руасои ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Тоҷикистону Афғонистон ширкату суханронӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ҳерберт Макмистер, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар нишасти Риёз бар зарурати муқобила бо тафаккури тероризму ифротигарӣ ва ҷудо донистани Ислом аз ин андешаҳо ба унвони дини сулҳ суханронӣ хоҳад кард.