Май 25, 2017 19:46 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли мушакҳои “Искандар-М”-и Русия ба Тоҷикистон

Русия барои аввалин бор ҷиҳати ширкат дар размоиши зидди тераристӣ системаи мушакии "Искандар-М”-ро ба Тоҷикистон интиқол додааст.

Генерал Владимир Заруднитский, фармондеши ҳавзаи низомии Марказии артиши Русия рӯзи 25 май  ба хабарнигорон гуфтааст, ки барои бори аввал системаи  мушакии "Искандар-М” ба қаламрави Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Генерал Заруднитский таъкид кардааст, ки  мушакҳои  "Искандар-М”-ро  аз  типи  мушакии Тотск тавассути ҳавопаймоҳои АН-124-100 "Руслан” ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

Ба гуфтаи низомиёни Русия, дар ҷараёни размоиши  зиддитеррор дар Тоҷикистон аз системи  "Искандар -М” ба самти пойгоҳи гурӯҳҳои террористии рамзӣ  дар куҳистони Тоҷикистон  мушак партоб мешавад.

Бояд гуфт мушакҳои токтикии  "Искандар-М, ки аз соли 2007 артиши Русия аз он истифода мебарад, тавони партоби мушак то  ба масофаи 500 километрро доранд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Русия барои ширкат дар размошиши муштараки "Душанбе – Антитеррор – 2017” ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-24М-ро аз пойгоҳи ҳавоии Шагол дар вилояти Челябинск ба Тоҷикистон фиристодааст.

Ҳамин тавр аз пойгоҳи ҳавоии артиши Русия дар вилояти Новосибирск чархболҳои ҷагандаи МИ-24 ва МИ-8 низ ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Инчунин гуфта мешавад, ки ахиран   пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо  системи  мушакии мавсум ба  "Ураган” таъмин шудааст.  Системи мушакии "Ураган” метавонанд мавқеи душманро дар масофаи то 35 километр бо мавҷи оташ нобуд кунанд.

Гуфтанист  "Душанбе – Антитеррор – 2017” нахустин тамринотест, ки аз сӯи маркази зидди тераристии ИДМ бо ширкати неруҳои кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор мешавад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ин размоиш дар давоми моҳҳои май ва июн дар қаламрави шаш кишвар,  Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Интизор аст марҳилаи ниҳоии ин размоиши густардаи маркази зидди тераристии  кишварҳои ИДМ, аз 30 май то 1 июн дар тамрингоҳҳоии Ҳарбмайдон ва Лоҳур дар ҷануби Тоҷикистон  баргузор шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад бо назардошти авзои печидаи амниятӣ дар Афғонистон баргузории тамриноти муштараки зидди тераристӣ  дар амри омодабошии неруҳои мусалаҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар муқобила ба ҳамгуна таҳдидот хеле муҳим аст.  

Бояд гуфт, ки охирин размоши муштараки густарда дар қаламрави Тоҷикистон дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуда буд.

Дар ин размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки аз 27 то 30 марти соли ҷорӣ  баргузор шуд, 2 ҳазор  низомии рус ва беш аз 40 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар марҳилаи ниҳоии размоиш дар тамрингоҳи  "Ҳарбмайдон"-дар ҷануби Тоҷикистон  аз 200 техникаву муҳимоти ҷангӣ, мошинҳои зиреҳпӯш, чархбол ва ҷангандаҳо  низ истифода шуда буд.

Размоши нави зиддитеррористӣ  дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши хатари гурӯҳҳои тундрав аз самти Афғонистон, ки Тоҷикистон  бо ин кишвар  беш аз 1400 км марзи муштарак дорад,   баргузор мешавад.

Бино ба гузоришҳои расида, гурӯҳҳои Толибон, ДОИШ,  аз ҷумла ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ назорати қаламравҳои зиёде дар наздикии марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла чанд ноҳия дар вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистонро ба даст овардаанд.