Май 29, 2017 14:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши Бонки миллии Тоҷикистон барои маҳори таваррум

Кумитаи сиёсати пулии Бонки милли Тоҷикистон тасмим дорад, таваррумро дар ин кишвар маҳор кунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Бонки милли Тоҷикистон, кумитаи сиёсати пулии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин манзур тасмим гирифтааст, нархи солонабаҳраро дар ҳадди 16 дарсад нигаҳ дорад.

Ҳамчунин ин бонк ба манзури густариши амалиёти мубодилаи кӯтоҳмуддат бо сомонӣ, замони ин муомилотро аз 7 рӯз ба 14 рӯз афзоиш медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, дар чаҳор моҳи нахусти имсол, нарх таваррум дар Тоҷикистон 4.4 дарсад буда, ки 1.9 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузаштааст.

Ҳамчунин дар 12 моҳи гузашта, таваррум 2.8 дарсад афзоиш ёфта ва ба 8.1 дарсад расидааст.

Дар чаҳор моҳи аввали сол низ арзиши пули миллӣ (сомонӣ), дар баробари доллари Амрико 7.9 дарсад коҳиш доштааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи барномарезиҳои қаблӣ, бояд таваррум дар соли 2017 дар ҳадди 7 дарсад ҳифз мешуд.

Коршиносони далоили аслии афзоиши таваррум дар Тоҷикистонро коҳиши тавлиди маҳсулоти асосии кишоварзӣ, афзоиши пули нақд дар бозор, поин омадани арзиши сомонӣ, дар баробари арзҳои хориҷӣ ва ҳамчунин сармоягузорӣ барои бонкҳои варшикаста унвон кардаанд.