Июн 09, 2017 21:13 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни чинию афғони худ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дар ҳошияи баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дидорҳои ҷудогонае бо ҳамтоёни чинию афғони худ дошт.

Ба гузориши хабаргузории «Ховар», дар дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин вазъияти феълӣ ва чашмандози равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва ҳам ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби СҲШ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ризоият аз сатҳи ҳамкории ду кишвар ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба тайи 25 соли барқарории равобити дипломатӣ тақвияти равобити стратегӣ ва шарикӣ бо Чинро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист. Раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Чин ҳамчунин масоили таҳкими амнияти минтақа ва ташдиди мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тақвияти ҳамгароӣ дар бахши низоми бонкию молӣ ва кумак барои бартарафсозии оқибатҳои ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистонро мавриди баҳсу барасӣ қарор доданд.  Мусоидат ба иҷрои тарҳҳои бузурги зерсохтӣ ва ҳамлу нақл, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар саросари Роҳи Абрешим, оғоз сохтусози қисмати тоҷикистонии хати лӯлаи гази минтақаии Чин – Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон низ аз дигар мавзӯъҳои гуфтугӯи Си Ҷин Пин ва Эмомалӣ Раҳмон буд.