Супориши вазорат ба сафорат: Амнияти шаҳрвандонро таъмин кунед
Дар пайи ҳодисаҳои шаби гузашта ва қасди табаддулот дар Туркия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як баёнияе аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки дар робита ба ин ҳаводис аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз ширкат дар таҷамуъҳо дар он кишвар дурӣ кунанд.
Дар баёнияи вазорат омадааст, "бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии Туркия, хусусан пойтахти он-шаҳри Анқара ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералӣ дар шаҳри Стамбул супориш дода шудааст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад".
-Мувофиқи иттилои охирин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд. Дар ҳолати зарурӣ, лутфан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар тамос шавед, гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки дар ҳолати зарурӣ, ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар тамос шавед.