“Озодагон”: Ваҳдат ба маънои миннатгузорӣ ба мардум нест
20 – умин солрӯзи Ҷашни ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, талоши мақомоти барои танзими қиматҳо дар бозор дар арафаи Иди саиди Фитр ва даъвати Расиҷумҳури Тоҷикистон аз мардум барои сарфаҷӯйи дар оростани дастархони идона дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.
Ҳафтаномаи “Озодагон” дар матлабе таҳти унвони “Ваҳдат гап аст, ё амал?” менависад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳ дар натиҷаи чӣ муомила ва ё музокироту тавофуқе, ки ҳосил нашуда бошад, ба манфиати миллат ва давлат аст ва он бояд ҳифз шавад. Ҳамзамон муаллиф афзудааст, ки ба даст овардани ваҳдат ба ин маъно нест, ки мудом-ул-умр ба мардум миннат гузошта шавад ва мардум бояд мадюни ин кор бошанд ва дар мавриди ҳеҷ мушкили дигаре ҳарф назанад. Дар хулосаи матлаб муаллиф таъкид мекунад, ки агар ваҳдати миллӣ танҳо гап ва намоишкорӣ бошад, он наметавонад ҳамчун ғояи нигоҳдоронадаи субот ва амният рисолати худро иҷро кунад. Ба гуфтаи муаллиф, ваҳдат замоне ҳосил мешавад, ки хостаҳо ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ бо шумули қудрати сиёсӣ дар он мунҳал гардад, зеро агар манфиатҳои қудрати сиёсӣ болотар аз арзишҳои ваҳдати миллӣ қарор бигирад, дар ин сурат ваҳдат осебпазир мешавад.
Ҳафтаномаи “СССР” дар ду саҳфаи хеш матлабе зери унвони “Ҷанг ва сулҳи тоҷикон” нашр кардааст. Дар ин ду саҳфа аксҳои зиёдеро аз солҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва чеҳраҳои таъсиргузор дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон чоп кардааст.
Ҳафтаномаи “Самак” дар доираи Ҷашни ваҳдати миллӣ мусоҳиба бо Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифинро чоп кардааст. Дар ин мусоҳиба Мирзохӯҷа Аҳмадов зимни ёдоварӣ аз ҳаводиси соли 2010 дар водиии Рашт таъкид кардааст, ки он замон яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин генерал Шоҳ Искандаров ӯро барои ба замин гузоштани силоҳ мутақоид кард.
Ҳафтаномаи русизабони “Азия плюс” низ ду саҳфаашро ба матлабе зери унвони “Роҳ ба сулҳ” чоп карда, хотироти намояндагони ду ҷонибро дар мавриди раванди музокироти сулҳи тоҷик чоп кардааст. Ҳамзамон ин нашрия дар матлаби дигаре дар робита ба омодагии шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20-километрии шарқи Душанбе барои ҷашни 20-умин солгарди сулҳи тоҷикон нашр кардааст. Муаллиф дар ин матлаб навиштааст, ки мақомоти шаҳри Ваҳдат барои таъмиру бозсозии хиёбону кӯчаҳо ва харҷи баргузории ҷашн ҳамвора аз фурӯшандагону бозаргонон пул ҷамъоварӣ карда, ҳамзамон дар тарҳҳои сохтмонӣ аз устодони мадорис ба унвони коргар истифода мекунанд. Аз сӯйи дигар бархе донишомӯзони макотиби ҳамагонӣ ба ин ҳафтанома гуфтаанд, ки аз моҳи апрел инҷониб барои тамрин дар намоишҳои театрӣ ширкат доранд. Нашрия ёдовар шудааст, ки рӯзи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон маросими аслии таҷлил аз 20-умин солгарди ваҳдати миллӣ баргузор мешавад.
Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки оё идҳои мусалмонон низ танзим хоҳад шуд. Муаллиф менависад, ки дар арафаи Иди Рамазон сокинони Тоҷикистонро бархе сару садоҳо атрофи нияти мақомот барои маҳдуд кардани ҷашнҳои мусалмонон нигарон кардааст. Ин нашрия меафзояд, бо вуҷуди он ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон, ин танҳо тавсия буда, ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ аст, аммо ба гуфтаи муаллиф, таҷриба собит месозад, ки дар бештари маврид тавсия ба мамнӯияти ғайрирасмӣ ва баъдан, ба расмӣ табдил мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки истифодаи “Микрофони озод” дар Тоҷикистон қабл аз роҳандозии кадом як маҳдудиятҳо дар ҳаёти мардуми ин кишвар таҷрибаи нав нест, зеро қабл аз таҳия Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар соли 2007 ҳамчунин “Микрофони озод” дар саросари Тоҷикистон фаъол шуда буд.
Рузномаи “Имрӯз нюз” дар матлабе қазияи як зани муҳоҷири тоҷикро, ки дар Арабистони Саудӣ бо мушкилот ва хушунат мувоҷеҳ шуда буд, баррасӣ кардааст. Нашрия дар ин матлаб менависад, ки Вазорати хориҷии Тоҷикистон дар як дархости хаттӣ аз Додситонии кулли ин кишвар хостааст, ширкатеро, ки масъули ирсоли Шамсия Асаналишоева ба кор дар Арабистони Саудӣ аст, мушаххас кунад. Ҳадаф аз ин дархост санҷиши кори ширкатҳое будааст, ки ба қавли Вазорати умури хориҷӣ, шаҳрвандон, бахусус занҳои тоҷикро аз Тоҷикистон ба Саъудӣ ҳамчун нерӯи корӣ, интиқол медиҳанд. Нашрия ёдовар шудааст, ки Шамсияи Асаналишоеваи 46-сола, як сокини Бадахшони Тоҷикистон, охири моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи шикояташ аз шиканҷаву азияти кордиҳандааш дар Риёз аз асорат дар Саудӣ озод ва ба Душанбе баргардонида шуд. Дар ин матлаб таъкид мешавад, дар ҳоле ки матбуоти ҷаҳонӣ гоҳҳо дар бораи бадрафториҳои кордиҳандаҳои Саудӣ бо коргарони хориҷиашон хабарҳо пахш мекунад, ин ҳодисаи камназир аст, ки як зани тоҷик ба таври ошкоро дар бораи шиканҷа шуданаш аз ҷониби як хонаводае дар Риёз шикоят кардааст. Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели он ки интиқоли нерӯи корӣ ба ин кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, мушаххас кардани теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ душвор будааст. Муаллиф менависад, масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008 замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар пайдо шуд. Он замон намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристодани занони тоҷик барои кор ба кишварҳои арабиро як кори нанговар хонда буданд.
Ҳафтаномаи “Озодагон” дар мавриди оянданигарии таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ матлаби таҳлилие чоп кардааст. Муаллиф дар ин замина навиштааст, Русия манфиатдор аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматҳои қавмии мавҷуда боқӣ бимонанд ва вобастагии ин ҳукуматҳо ва мардумонаш аз сиёсату иқтисодиёти Русия нигоҳ дошта шавад. Ба гуфтаи муаллиф, дар солҳои наздик таҳаввулоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон на дар ҷудоӣ аз ҳам, балки дар якҷоягӣ бо ҳам сурат мегиранд. Чун дар ин таҳаввулот Русия, Амрико ва ҳомиёни минтақаии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд. Дар ин сурат, Русия дар ҳамоҳангӣ бо Чин, Эрон ва шояд Покистону Ҳинд сиёсати минтақавии худро пиёда мекунад. Аз сӯйи дигар Амрико дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои арабӣ ва ҳатман бо назардошти манфиатҳои геополитикии худ дар Афғонистон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна ва Ховари Ҷанубӣ сиёсати минтақавии худро тарҳрезӣ менамоянд.
Ба хулосаи муаллиф, элитаи сиёсии Русия намехоҳад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он дараҷае рушд кунанд, ки аз назари инсонӣ ва иқтисодӣ аз вобастагии Русия берун шаванд, зеро сатҳи пасти илму маориф, тандурустӣ ва мушкилоти назарраси истеҳсолот ин гуна вобастагиро таъмин хоҳад кард. Ва суоли матраҳ ин аст, ки дар чунин вазъият Тоҷикон ва дигар мардумони муқими минтақа чӣ барномае барои рушди хеш дошта метавонанд?