Афзоиши вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19608-Афзоиши_вуруди_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_ба_Русия
Фарҳангистони иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия аз коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ғайр аз тоҷикон ба ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 06, 2017 05:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия

Фарҳангистони иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия аз коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ғайр аз тоҷикон ба ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сайти нашрияи русии “Ведемости”, ин фарҳангистон дар пажӯҳише эълом кардааст, ки Тоҷикистон танҳо кишвар дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки дар соли 2017 вуруди коргарони муҳоҷири худро ба Русия афзоиш додааст.

Бар асоси ин пажӯҳиш, вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия дар 3 моҳи нахусти имсол нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2016 наздик ба 26 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ин коҳиш кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Украина, Ӯзбакистон, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад. Аммо вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муддат ба Русия баръакси дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст, ки ба эътиқоди коршиносон афви беш аз 100 ҳазор коргари муҳоҷири мамнуъ-ул-вуруди ин кишвар аз сӯйи давлати Русия боиси бозгашти дубораи ин афрод барои кор ба ин кишвар шудааст.

Аз сӯйи дигар, Илёс Умахонов, муовини Шӯрои Федератсиюни Русия чанде қабл мизони ҳазинаи молии дарёфти иҷозаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро сангин хондаву коҳиши ин маблағро хостор шуда буд.

Вай гуфта буд, нотавонии коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон дар пардохти ҳазинаи молии дарёфти патент ва иҷозатномаи кор дар Русия (моҳона 5 ҳазор рубл) сабаб мешавад ин афрод бо табонӣ (муомилаи пинҳонӣ) бо корфармоён, бидуни иҷозатнома ба кор гирифта шаванд, ки ин амр заминаи фирори молиётии ширкатҳои паймонкорро фароҳам месозад ва ба буҷети давлати Русия хисороти фаровони молӣ ворид мекунад.