Июл 06, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи КАСА - 1000 ба авзои амниятии Афғонистон гиреҳ хӯрдааст

Коршиноси мустақили тоҷик муътақид аст, амалӣ шудани тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА - 1000 ба авзои амниятии Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Маҳдӣ Собир бо ишора ба дидори чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳур ва нахуствазирони Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯзи панҷшанбе, 6 –уми июли соли ҷорӣ барои баррасии ҳамкории ин 4 кишвар дар заминаи такмили тарҳи сохти хати КАСА - 1000 авзои амниятии Афғонистонро муҳимтарин омили муваффақияти ин пружа унвон кард.

Вай гуфт, ки ҷудо аз баҳси таъмини ҳазинаи молии иҷрои ин тарҳи энержии минтақаӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як сӯ ва Афғонистону Покистон аз сӯйи дигар, барқарории амният дар масири ин проект дар қаламрави Афғонистон аҳамияти зиёде дорад. Зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Кобул борҳо дар гузашта ба инфиҷори хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ва Туркманистон ба ин кишвар иқдом кардаанд, ки ин мавзӯъ нигарониҳоеро ба думбол дорад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хати КАСА - 1000 ба Афғонистон ва Покистон интиқол диҳанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз ин ҳисоб метавонад солона 150 миллион доллар даромади молӣ касб кунад.

Душанбе умедвор аст, ки аз транзити барқи Қирғизистон аз қаламрави худ ба Афғонистон ва Покистон низ даромади молӣ ба даст оварад.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз ду чархаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон дар соли 2018 ба зарфияти содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон ва Покистон афзуда хоҳад шуд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.