Июл 08, 2017 08:59 Asia/Dushanbe
  • Бардошти наздик ба 500 ҳазор тон гандум дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии наздик ба 500 ҳазор тон гандум аз заминҳои ин кишвар аз оғози бардошти ин маҳсул хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз оғози мавсими бардошти гандум дар ин кишвар наздик ба 500 ҳазор тон аз ин маҳсул аз кишоварзон харидорӣ шудааст.

Имсол барои кишти гандум дар Тоҷикистон 303 ҳазор гектар замин ҷудо шуда, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 ҳазор гектар камтар аст.

Дар Тоҷикистон солона наздик ба як миллион тон гандум бардошт мешавад, ки барои таъмини ниёзи дохилии мардум кофӣ нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои таъмини ниёзи мардум ҳамасола аз Русияву Қазоқистон наздик ба 500 ҳазор тон гандуму орд ворид мекунад.

Тоҷикистон ба таври ҳамзамон тайи 5 моҳи соли ҷорӣ аз Русияву Қазоқистон наздик ба 360 ҳазор тон гандум ва беш аз 24 ҳазор тон орд ворид кардааст.

Қимати ҳар 1 тон гандуми воридотӣ аз ин ду кишвар ба Тоҷикистон 224 доллар эълом шудааст.

Мизони бардошти гандум аз ҳар гектар замини кишти ин маҳсул дар Тоҷикистон бештар аз 2 тону 600 кило мебошад, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст.

Барои мисол, дар Қазоқистон, ки умдатарин кишвари таъминкунандаи гандум дар минтақа ба ҳисоб меояд, ин шохис ба 11 тон дар ҳар гектар мерасад.

Коршиносон мушкили камбуди мошинолоти кишоварзӣ, гаронии қимати сӯхту нуриҳои минералӣ ва боло будани мизони молиётро аз сабабҳои асосии бетаваҷҷуҳии мардуми Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ ном мебаранд, ки муҷиби рафтани нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба Русия мешавад.