Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19882-Мулоқоти_Эмомалӣ_Раҳмон_бо_фаъолони_ҷомеаи_Тоҷикистон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон

Дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ин нишаст дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шуда ва ба муносибати даҳумин солгарди тасвиби қонуни танзими ҷашну маросимҳо тадорук дида шудааст.

Қонуни танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар соли 2007 тасвиб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст бо интиқод аз нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо аз суи бархе намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ эълом кард, аз ин ба баъд мақомдороне, ки аз ин қонун сарпечӣ кунанд, аз кор барканор хоҳанд шуд.