Июл 13, 2017 16:24 Asia/Dushanbe
  • Сохти пули ҷадид байни Афғонистон ва Тоҷикистон

Як пули ҷадид бар фарози рӯдхонаи Ому Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳам пайванд хоҳад дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, тавофуқномаи сохти ин пули ҷадид ва бозорчаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, дар пайи сафари ҳайати баландпояе аз Иттиҳоди Аврупо ва намояндагии Бунёди Оғохон ба Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Ин пули ҷадид минтақаи Фархори Тоҷикистонро бо Ойхоними вилояти Тахори Афғонистон пайванд хоҳад дод.

Гуфта мешавад, тӯли ин пул 180 метр бо зарфияти 60 тонн бор буда ва бо 16 миллион евро сармоягузории Иттиҳоди Аврупо сохта хоҳад шуд.

Стефано Мансервиси, мудири кулли Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмиллалӣ пас аз боздидаш аз манотиқи марзии Тоҷикистон эълом кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо қасд дорад таҷрибаи худ дар мавриди ҳамкориҳои марзиро дар Осиёи Марказӣ низ пиёда кунад.

То кунун миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 7 пул иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Ому бо сармоягузории Бунёди Оғохон ва Амрико сохта шудааст.