Июл 13, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли Комиссияи Аврупо

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор намояндагони комисюни Аврупо  вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ин кишвар бо ИА-ро баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 13 июл бо Стефано Мансервис мудири кулли идораи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди  Комисюни Аврупо мулоқот карда,  дар ин дидор ҷонибҳо зимни қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти бештари равобити  дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид кардаанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии РҶТ дар ин мулоқот амалисозии  босамари  як идда иқдомот, аз ҷумла «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»  ва  Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкориро  ҳамчун василаи муҳими  беҳтар шудани равобити  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо  арзёбӣ кардаанд.

Инчунин дар ин замина  ба  кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ,  Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид шудааст.

Дар баробари ин амалисозии  муваффақонаи  барномаи  Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани  251 миллион евро  ба Тоҷикистонро  дар се бахши  асосии ҳамкорӣ  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои ду ҷониб дониста шудааст.

Ба навиштаи ин манба  ҷонибҳо дар ин мулоқот ҳамчунин   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои  иқтисодӣ,  энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва дигар  ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллиро  баррасӣ карданд.

Инчунин  мусоидат  дар  таъмини суботи сиёсӣ ва низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари зарфиятҳои ҳифзи сарҳадот ва иқтидори фанниву низомии неруҳои марзбонӣ низ матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон  дар ҳоли ҳозир  масоили таъмини амният дар меҳвари таваҷҷуҳи кишварҳои Аврупоӣ қарор дошта, дар ин замина манофеъи  кишварҳои аврупоӣ ва минтақаи ОМ ҳамсон аст.

Бояд гуфт, ки дар ҳошияи  сафари ин ҳайати баландпояи аврупоӣ ба Тоҷикистон рӯзи гузашта эълом шуд, Иттиҳодияи Аврупо тарҳи бунёди пули наверо  миёни  Тоҷикистону Афғонистон рӯи даст гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки  ҳазинаи  ин тарҳ  16 миллион евро  буда, созишнома дар ин замина  рӯзи 12-уми июл, зимни сафари ин ҳайати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагии Сандуқи Оғохон,   дар ноҳияи наздимарзии  Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон имзо шудааст.

Тибқи ин лоиҳа, пули ҷадид бо тулли  180 метр ва зарфияти бардошти 60 тонна  байни  минтақаи Кокул дар ноҳияи  Фархори Тоҷикистон ва  Ойхоними вилояти Таҳори Афғонистон, бунёд хоҳад шуд.