Июл 15, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои табрикии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ба якдигар, фаро расидани биступанҷумин Солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ин ду кишварро табрик гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ дар ин паёмҳо бо ибрози ризоятмандӣ аз равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон, бар зарурати таҳкими муносиботи ҳамаҷониба миёни ин ду кишвари ҳамсоя таъкид кардаанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва энержӣ миёни ин кишвар ва Афғонистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш аст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон низ дар паёми табрикии худ ба муносибати фаро расидани биступанҷумин Солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ин ду кишвар, бо ишора ба фарҳанг ва тамаддуни муштараки мардумони Афғонистон ва Тоҷикистон, рушду пешрафти Тоҷикистон ва сарбаландиву сарафрозии ин кишварро хостор шудааст.