Июл 17, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзи дарёфти шаҳрвандии Русия ба тоҷикон

Муовини Кумитаи Думои давлатии Русия дар умури ҷомеаи Ҳамсуд гуфт, имтиёзи додани шаҳрвандии Русия ба тоҷикон бояд, дар мавриди дигар шаҳрвандони кишварҳои қаламрави Ҷомеаи ҳамсуд ҳам амалӣ шавад.

Ба гузориш радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Спутник, Константин Затулин таъкид кард, дар пайи дастури Владимир Путин бино бар осонсозии касби шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони кишварҳои қаламрави ҷомеаи Ҳамсуд, шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз дигар шаҳрвандони ин кишварҳо аз ин барнома баҳра бурдаанд, ки имтиёзи онон ҳифзи ҳамзамон шаҳрвандии кишваршон будааст.

Вай бо ишора ба ин мавзӯъ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар се соли ахир бештарин дархостро барои касби шаҳрвандии Русия, ироа додаанд ва ҳамзамон низ гузарномаҳои шаҳрвандии Тоҷикистонии худро ҳифз кардаанд, истифода аз ин таҷрибаро барои дигар мутақозиёни дарёфти шаҳрвандии Русия хостор шуд.

Константин Затулин  гуфт, дар солҳои 2014 то 2017 беш аз 3 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд аз қонуни осонсозии касби шаҳрвандии Русия истифода кардаанд, ки 63 дарсади онон аз шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Затулин иллати истиқболи шаҳрвандон Тоҷикистон аз ин тарҳро, вуҷуди қонуни ду шаҳрвандӣ миёни Маскав ва Душанбе медонад, ки ба тоҷикон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд имтиёзи бештаре эъто мекунад.

Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия тавофуқномаи шаҳрвандии дугона дорад. Ва шаҳрвандони Тоҷикистон ниёз надоранд гувоҳиномаи ёдшударо дастрасу пешниҳод кунанд.

Дар мавриди дигар кишварҳо, ниҳодҳои давлатии Русия аз шаҳрвандони он гувоҳиномаро мехоҳанд, вале онҳо наметавонанд онро дастрас кунанд