Июл 21, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз 12 амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол

Дар нимаи нахусти соли 2017 дар Тоҷикистон 12 амалиёти террористӣ хунсо шудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод бо эъломи ин хабар афзуд, дар шаш моҳи аввали имсол ҳамчунин 228 шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт шудааст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, аз афроде, ки қасди иҷрои ҳамалоти террористӣ доштанд, миқдори зиёди маводи мунфаҷира, телефонҳои мобилӣ ва силоҳ кашфу забт шудааст. Ба гуфтаи Раҳимзода, аз ин теъдод 104 нафар муттаҳам ба иртибот бо гурӯҳи ДИИШ будаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, ки аз оғози имсол 13 шаҳрванди ин кишвар ба таври довталабона аз ДИИШ ҷудо шуда, ба Ватан баргаштаанд ва бо таваҷҷуҳ ба талаботи қавонини ин кишвар аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.