Август 11, 2016 18:42 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон

Ҳамзамон бо афзоиши таҳдидҳои террористию ифротгароӣ дар минтақа Душанбе ва Кобул омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои амниятию марзӣ эълом карданд.

Мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кард, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Тақвияти мубориза зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва баррасии масъалаи амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз муҳимтарин мавзӯоти меҳварии дидори Атмар ва Раҳмон буданд.

Муҳаммадҳаниф Атмар дар Душанбе ҳамчунин бо генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард. Бар асоси гузориши Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, сафари Муҳаммадҳаниф Атмар бо даъвати ҳамтои тоҷики худ сурат гирифтааст ва ӯ пас аз дидор бо мақомоти Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар хоҳад кард.

Сафари ин мақоми баландпояи амниятии Афғонистон ба Душанбе дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои ахир фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ, иқдомоти Толибон ва фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар шимоли Афғонистон, дар манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистон нигаронии мақомҳои Душанберо дар пай доштааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад.