Август 04, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ошноӣ аз раванди корҳои созандагию кишоварзӣ субҳи имрӯз ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафар кард.

Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии пахта ва парвариши сабзиҷот аз наздик ошно шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ин ноҳия дидан кард. Гуфта мешавад, кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар соли ҷорӣ аз кишти анвои ҳубубот (маҳсулоти донагӣ) фоидаи зиёде ба даст овардаанд.

Дар ин боздид Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз замонҳои қадим кишоварзӣ пеша ва касби боифтихори мардуми ин минтақа буда, соҳибони ин касбу корҳо ноноварони муҳиме ба ҳисоб мерафтанд ва имрӯз ҳам саҳми кишоварзону чорводорон дар таъмини маводи ғизоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум қобили таҳсин аст.