Август 07, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Арзиши пули миллии Тоҷикистон ҳамчунон дар сарошибии суқут

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки то соли 2020 дар ин кишвар арзиши як доллар ба 10 сомонӣ хоҳад расид.

Ба нақл аз сайти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ин таҳлил, ки ба тайиди ҳукумати Тоҷикистон расида, ба созмонҳову идороти иқтисодии давлатӣ тавсия шудааст, ки дар фаъолиятҳои худ ба ин пешбинӣ таваҷҷуҳ кунанд .

Бар асоси ин пешбинӣ, дар соли 2018 қиммати ҳар доллар баробар бо 9 сомонӣ ва дар соли 2019 баробар бо 9 сомониву 50 дирам хоҳад буд ва дар соли 2020 ин шохис ба 10 сомонӣ хоҳад расид.  

Ин дар ҳолест, ки имсол дар буҷети Тоҷикистон арзиш ҳар доллар 9 сомониву 16 дирам пешбинӣ шудааст.  

Бо ин ҳол, баҳои ҳар доллар дар муомилоти рӯз дар марокизи бонкӣ ва муассисоти молии таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон 8 сомониву 80 дирам аст.  

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 барои ҷилавгирӣ аз коҳиши арзиши сомонӣ беш аз ҳазор сарофиро дар саросари ин кишвар таътил кард, ки чандон муассир воқеъ нашуд ва раванди суқути арзиши сомонӣ ҳамчунон идома ёфт .