Август 09, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба исрофкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар мавриди вуҷуди исрофкорӣ дар ҷомеа ҳушдор дод.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ёдоварии иди пешорӯйи Қурбон таъкид кард, мардум набояд маросими идро табдил ба зиёфат кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, набояд ҳангоми омода шудан барои ид ва оростани суфраҳои идона ба зиёдаравӣ, зоҳирпарастӣ ва харҷҳои беҳуда рӯй овард. Бояд дар хотир дошт, ки идро ба ҷашн ё зиёфат табдил кардан махсуси мардум ва фарҳанги мо нест.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки омӯзаҳои дини мубини Ислом ба хайрхоҳӣ ва кӯмак ба мустамандон ва ниёзмандон супориш кардаанд, афзуд, ин аъмол бояд дар идҳое чун Қурбон бештар шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи дидорҳои ахири худ бо мардум ва мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба таври мураттаб аз зарурати парҳез аз исрофкорӣ дар ҷомеа ҳарф мезанад.